Август 10, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Баррасии парвандаи як узви фирқаи Шоҳидони Яҳуво дар додгоҳи Хуҷанд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи як узви фирқаи масеҳии Шоҳидони Яҳуворо оғоз кард.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи, иттиҳоми Шомил Ҳакимов,ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буд,интишори адабиёти ифротии фирқаи Шоҳидони Яҳуво унвон мешавад,ки бар асоси қонуни фаъолияти Созмонҳои мазҳабии дар Тоҷикистон мамнуъ мебошад.

Коргурӯҳи вижаи Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо баррасии китоби Инҷил тарҷумушуда ба забони тоҷикӣ аз сӯи фирқаи Шоҳидони Яҳуво эълом кардааст,ки ин асар метавонад заминаи бурузи ихтилофҳои мазҳабӣ дар ин кишварро фароҳам месозад.

Ин банд аз қонуни ҷиноии Тоҷикистон метавонад муҷиби ҳабси Ҳакимов аз 5 то 10 сол шавад.

Фирқаи масеҳии Шоҳидони Яҳуво аз соли 1997 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад,ки ба далели худдории аъзои он аз хидмати низоми вазифа дархостҳое аз сӯи додгоҳи низомии Тоҷикистон барои мамнуъияти фаъолияти ин фирқа матраҳ аст.

Дар чорчуби ин моҷаро дар соли 2017 додгоҳи низомии вилояти Хатлон Данил Исломов як узви фирқаи масеҳии Шоҳидони Яҳуворо ба иттиҳоми худдорӣ аз рафтан ба хидмати низоми вазифа ба шашмоҳи зиндон маҳкум кард. Вай мудаъӣ шуда,ки бар асоси эътиқодоти мазҳабии фирқаи масеҳии Шоҳидони Яҳуво наметавонад либоси низомӣ бар тан кунад.

Барчасп