Мустанади "Таъқиби мухолифон дар Тоҷикистон" намоиш дода шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i4579-Мустанади_Таъқиби_мухолифон_дар_Тоҷикистон_намоиш_дода_шуд
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, "Ҳиюман райтс вотч" ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия бо намоиши филме аз боздошту таъқиби мухолифони сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон дар дохилу хориҷ аз ин кишвар хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 22, 2016 06:40 Asia/Dushanbe
  • Мустанади

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, "Ҳиюман райтс вотч" ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия бо намоиши филме аз боздошту таъқиби мухолифони сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон дар дохилу хориҷ аз ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории "Азиа плюс", ин созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар рӯзи 21-уми сентябри соли ҷорӣ бо пахши филми мустанаде дар Варшава, пойтахти Лаҳистон дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури ҳуқуқи башар аз боздошту таъқиби аъзои Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда ва "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистон интиқод карданд. Дар баёнияи ин созмон, ки ҳамзамон бо пахши филми ёдшуда мунташир шуд, таъкид мешавад, Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи башар дар буҳрони амиқе ба сар мебарад, ки тайи ду даҳаи ахир дар ин кишвар бесобиқа мебошад.

Дар ин баёния бо ишора ба боздошт, зиндонӣ кардан, таъқиби садҳо нафар аз мухолифони сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон ва таҳти фишор қарор додани хонаводаҳои ин афрод дар дохили ин кишвар тайи 2 соли ахир аз интиқодпазир набудани мақомоти ҳукумати ин ҷумҳурӣ ба шиддат интиқод шудааст. Дар баёния гуфта мешавад, теъдоде аз мухолифони сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон ба далели интиқод аз амалкарди ҳукумати ин кишвар ва ибрози мавозеи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нопадид шудаанд, ки баъдан, аз боздошту зиндонӣ будани онҳо хабар расидааст.

Стив Свердлов, муҳаққиқи Созмони мудофеи ҳуқуқи башари "Ҳюман райтс вотч" муътақид аст, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бояд бо ибрози нигаронӣ аз авзои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мавзӯи тааҳҳудоти Душанбе дар қиболи ин қазияро ба ҳукумати ин кишвар гӯшзад кунанд.