Маҳдудиятҳои ҳоҷиёни тоҷик дар бозгашт аз Ҳаҷ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45830-Маҳдудиятҳои_ҳоҷиёни_тоҷик_дар_бозгашт_аз_Ҳаҷ
Давлати Тоҷикистон эълом кард ҳоҷиёни ин кишвар пас аз бозгашт аз маносики Ҳаҷ ҳаққи баргузории маросим надоранд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 11, 2019 13:07 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудиятҳои ҳоҷиёни тоҷик дар бозгашт аз Ҳаҷ

Давлати Тоҷикистон эълом кард ҳоҷиёни ин кишвар пас аз бозгашт аз маносики Ҳаҷ ҳаққи баргузории маросим надоранд.

Ба нақл аз Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашн ва маросими Тоҷикистон, ин кумита дар баёнияе эълом кард, ҳоҷиёни тоҷик ҳақ надоранд барои ғайр аз аъзои хонаводаи худ зиёфати бозгашт аз Ҳаҷ баргузор кунанд.

Бар асоси ин баёния, баргузории бархе маросими суннатӣ монанди "Ҳоҷӣ талабон" ва "Ҳоҷи ошӣ" мамнуъ эълом шудааст.

Ҳамчунин дар коравони истиқбол аз ҳоҷиён набояд беш аз ду худрав истифода шавад.

Нахустин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик 18 август ба Тоҷикистон боз мегарданд ва то поёни моҳи август низ бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба кишварашон такмил мешавад.

Вазъи саломатии ҳамаи ҳоҷиёни тоҷик дар Арабистони саудӣ муносиб гузориш шуда ва то кунун хабаре мабнӣ бар фавти ҳеҷ як аз онҳо мухобира нашудааст.