Ҳушдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи мӯҳрҳои тақаллубии асноди коргарон
(last modified 2019-08-18T14:43:31+00:00 )
Август 18, 2019 19:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи мӯҳрҳои тақаллубии асноди коргарон

Мудири дафтари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар бораи мӯҳрҳои тақаллубӣ дар дар гузарномаҳои коргарони муҳоҷири тоҷик дар Душанбе ҳушдор додааст.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Иброҳим Аҳадов бо интишори баёнияе таъкид кардааст, ки таҳти ҳеҷ шароите коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия дар гузарномаҳои хеш мӯҳрҳои тақаллубӣ назананд, зеро бар асоси қавонини Русия коргарони муҳоҷир бояд ҳар сек моҳ як бор аз қаламрави ин кишвар хориҷ шуда, дубора бо убури марз вориди ин кишвар шаванд.

Аммо даллолони зиёде ҳастанд, ки дар баробари дарёфти пул аз коргарони муҳоҷир, ба онон ваъдаи дарҷи мӯҳри хурӯҷ ва вуруд ба Русия ва дарёфти корти нав ва муҷаввизи корро медиҳанд.

Вале пулиси Русия бо ташхиси мӯҳрҳои тақаллубӣ ахиран мавориди зиёде аз ин навъ дасткорӣ дар гузарномаҳои коргарони муҳоҷири тоҷикро ифшо кардааст, ки метавонад ҳукми маҳкумият ба зиндон ва ихроҷ аз қаламрави Русияро дар пай дошта бошад.

Барчасп