Коҳиши омори эътиёд дар Тоҷикистон
Август 19, 2019 09:14 Asia/Dushanbe
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз коҳиши омори эътиёд ба маводи мухадир дар ин кишвар хабар доданд.
Ба нақл аз Авесто,дар нишасти Шӯрои машваратии зидди эътиёд дар шаҳри Душанбе ба раёсати Азиз Иброҳим, муовини нахуствазир ва раиси Шӯрои машваратии зидди эътиёд дар Тоҷикистон, эълом шуд,ки дар 10 соли гузашта мизони эътиёд дар Тоҷикистон 36 дар сад коҳиш доштааст.
Ба ин тартиб дар соли 2008 дар Тоҷикистон 8 ҳазор ва 846 муътод ба маводи мухадир ба сабт расида,ки ин теъдод дар соли 2019 то се ҳазор ва 180 нафар коҳиш доштааст.
Дар ин нишаст ҳамчунин таъкид шуд,ки вазъияти эътиёд дар ин кишвар ба шароити кишвари ҳамсоя- Афғонистон- бастагӣ дорад,ки асли маводи мухадир дар минтақа аст.
Барчасп