Саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон 157 доллар аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46248-Саронаи_тавлиди_нохолиси_миллии_Тоҷикистон_157_доллар_аст
Тавилди нохолиси миллии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи нахусти имсол ба 14 миллиард сомонӣ (муодили 1 миллиарду 400 миллион доллар) расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 28, 2019 07:13 Asia/Dushanbe
  • Саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон 157 доллар аст

Тавилди нохолиси миллии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи нахусти имсол ба 14 миллиард сомонӣ (муодили 1 миллиарду 400 миллион доллар) расидааст.

Ба нақл аз сомонаи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, бар ин асос саронаи ҳар тоҷикистонӣ (саҳми шаҳрвандон аз тавлиди нохолиси миллӣ) ҳазору 526 сомонӣ (муодили 157 доллар) аст.

Ҷамъияти Тоҷикистон бар асоси эъломи Агентии давлатии омори ин кишвар дар ҳафт моҳи гузашта ба 9 миллиону 212 ҳазор нафар расидааст.

Тибқи гузориши ин созмон, умдаи колои содиротии Тоҷикистон дар ин муддат алюминий, семент, нахи пахта, анвои маводи маъданӣ ва оҳанолоту маҳсулоти бофандагӣ будааст, ки бахши умдаи ин колоҳо ба шакли маводи хом ба кишварҳои хориҷӣ содир мешавад.