Дархости Иттиҳоди байналмилалии вакилони мудофеъ аз Ҳукумати Тоҷикистон барои поён додан ба таҳдидҳо алайҳи вакилони дифоъ
(last modified 2019-09-12T05:16:49+00:00 )
Сентябр 12, 2019 10:16 Asia/Dushanbe
  • Дархости Иттиҳоди байналмилалии вакилони мудофеъ аз Ҳукумати Тоҷикистон барои поён додан ба таҳдидҳо алайҳи вакилони дифоъ

Иттиҳоди байналмилалии вакилони мудофеъ хостори поён додан ба таҳдидҳои Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон алайҳи вакилони мудофеъ дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ, дар баёнияи ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид мешавад, ки 15 вакили мудофеи Тоҷикистон, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи Абдулазиз Абдураҳмонзода, ҳамкори хеш иқдом кардаанд, дар ҳоли ҳозир таҳти фишори шадиди кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ қарор гирифтаанд.

Абдурҳмонзода гуфтааст, ки кормандони ин ниҳод бо боздошти ғайриқонунӣ, вайро мавриди шиканҷа қарор додаанд то барои муттаҳам кардани як корманди додгоҳи ноҳияи Варзоб бо Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Дар ҳоли ҳозир ин вакили мудофеи тоҷик дар боздошти хонагӣ ба сар мебарад ва алайҳи вай ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст. Ҳамчунин кормандони ин ожонс Саидбек Нуриддинов, мудири маркази вакилони мудофеи Тоҷикистон ва 15 ҳамкори вайро, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи Абдулазиз Абдураҳмонзода иқдом карданд, мавриди таҳдиду фишор қарор доданд то даст аз ин кор бардоранд.

Дар ин баёния ба мавридҳои зиёде аз фишор, зиндонӣ кардан ва шиканҷаи теъдоде аз вакилони мудофеъ дар дифоъ аз ҳуқуқи Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусӣ ва 13 аъзои Шӯрои сиёсии ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон низ ишора шудааст.

 

Барчасп