Ҳайати Тоҷикистон нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари САҲА-ро тарк кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i4672-Ҳайати_Тоҷикистон_нишасти_Шӯрои_ҳуқуқи_башари_САҲА_ро_тарк_кард
Ҳайати расмии Тоҷикистон ба нишони эътироз нисбат ба ҳузури намояндагони Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ин нишастро тарк кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 24, 2016 10:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати Тоҷикистон нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари САҲА-ро тарк кард

Ҳайати расмии Тоҷикистон ба нишони эътироз нисбат ба ҳузури намояндагони Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ин нишастро тарк кард.

Ба гузориши сайти "ТоҷИнфо", ҳайати расмии Тоҷикистон бо интишори баёнияе далели тарки ин нишастро ҳузуру суханронии намояндагони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" унвон кардааст, ки таҳти пайгарди байналамилалӣ қарор доранд. Дар ин баёния омадааст, ҳузуру суханронии афроде, ки дар Тоҷикистон ба далели содир кардани ҷиноят таҳти пайгарди байналмилалӣ ҳастанд, дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари САҲА ба маънии паст задани ҷойгоҳи ин созмон мебошад. "Аз ин рӯ, ҳайати Тоҷикистон ҳузури хешро дар ин нишаст ғайримумкин медонад ва ба нишони эътироз ба ин мавзӯъ аз ин ҳамоиш хориҷ мешавад ва ба кишвари худ бармегардад", омадааст дар баёния.

Лозим ба зикр аст, ки дар оғози нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава 20 нафар аз намояндагони Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" дар рӯзи 20 сентябри соли ҷорӣ бо ҳамли аксҳои аъзои аршади зиндонии ин ду гурӯҳ ҳузур ёфтанд. Намояндагони ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" дар ин нишаст боздошт, зиндонӣ кардан ва таъқиби садҳо нафар аз мухолифони сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти фишор қарор додани хонаводаҳои ин афродро дар дохили Тоҷикистон тайи ду соли ахир ба шиддат мавриди интиқод қарор доданд.