Сентябр 15, 2019 08:59 Asia/Dushanbe
  • Нигаҳдории 575 зану кудаки тоҷик дар шароити бад дар урдугоҳе дар Сурия

575 зану кудаки тоҷик дар шароити бад дар урдугоҳе дар Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ.тҷ, дар миёни онон 90 зан, 240 писар ва 200 духтар, ки бозмондагони хонаводаҳои ҷангҷуёни тоҷикистонии узви гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд, вуҷуд доранд,ки аз сӯи коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид номнависӣ шудаанд.

 Гуфта мешавад, ки синни ин афрод байни 1 то 17 сол аст, ки бар асоси гузориши коршиносони дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар умури паноҳндагон дар шароити вахим ба сар мебаранд ва бояд ҳар чӣ зудтар ба кишварашон бозгардонда шаванд,зеро авзоъи инсонӣ дар ин урдугоҳ , ки 70 ҳазор нафар аз ҷумла 10 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд, бисёр ногувор аст ва ба ин далел аст, ки аксари ин кудакон ниёз ба кумакҳои фаврии пизишкӣ доранд,аммо барои ин кор бояд миёни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Сурия тавофуқномаи расмӣ имзо шавад, ки заминаи бозгашти ин теъдод аз занон ва кудакони тоҷик ба кишваршонро фароҳам созад.

Пеш аз ин бо талоши ҳукумати Тоҷикистон дар баҳори соли ҷорӣ 84 кудаки тоҷик , ки падарони онон дар даргирӣ миёни гурӯҳи ДИИШ ва артиши Ироқ кушта шудаанд, ба кишваршон бозгардонда шуданд.

 

Барчасп