Сентябр 15, 2019 09:15 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи марказӣ дар Тоҷикистон дар моҳи октябр

Бузургтарин масҷиди Осиёи марказӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли ҷорӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Авесто манобеъи ҳукумати Тоҷикистон эълом кардаанд,ки ин масҷиди нав бо зарфияти гунҷоиши 120 ҳазор намозгузор бузургтарин маркази ибодӣ дар Осиёи марказӣ ба ҳисоб меояд.

Пештар эълом шуда буд , ки ин масҷид дар солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон (9 сентябр) ифтитоҳ хоҳад шуд, аммо ба далели такмил нашудани бархе аз бахшҳои масҷид, акнун ифтитоҳи ин маркази ибодӣ дар моҳи октябр барномарезӣ шуда аст.

 Давлати Қатар барои сохти ин масҷид 70 миллион доллар ва ҳукумати Тоҷикистон 30 миллион доллар ихтисос додааст.

 Тавофуқномаи сохти ин масҷид миёни Тоҷикистон ва Қатар дар соли 2009 имзо ва кори сохти он дар соли 2011 оғоз шуд. Бузургтарин масҷиди Осиёи марказӣ бо масоҳати 12 гектар, музей, китобхона, толори ҷаласаҳо , шуъбаи идорӣ ва паркинг барои 4 ҳазор худравро шомил мешавад. Ин масҷид дорои 4 манора ҳар як ба баландии 75 метр, гунбади марказӣ ба баландии 47 метр ва 20 гунбади кӯчак аст.

Дар ҳоли ҳозир барои омодасозӣ ва ифтитоҳи ин маркази ибодӣ дар моҳи октябр беш аз 600 нафар аз мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ дар се навбат фаъолият мекунанд.

 

Барчасп