Сентябр 23, 2019 18:01 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ дар Ню-Йорк

20 сентябри 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Ҷенмин мулоқот анҷом дод.

Дар ин дидор ҷонибҳо дар робита ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», аз ҷумла тадорукот, ба Конфронси дуввуми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин дидор масоили феълӣ ва чашмандози таъомулоти Тоҷикистон ва СММ дар заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин бо Самуел Браунбек, сафири вижаи Амрико дар умури масоили озодии мазҳабӣ дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди масоили марбут ба озодии дин, ҳамчунин ҳамкорӣ миёни мақомоти ду кишвар дар ин замина баҳсу табодули назар карданд.

Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Зулмай Халилизод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон аз дигар дидорҳое аст, ки вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст анҷом дод.

Дар ин дидор перомуни масоили марбут ба амнияти минтақаӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

 

Барчасп