Сентябр 25, 2019 14:41 Asia/Dushanbe
  • Дидорҳои расмии вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Ню-Йорк

Вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки ин рӯзҳо дар Ню-Йорк ба сар мебарад, дидорҳои расмӣ бо мақомоти ширкаткунанда дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милал анҷом додааст.

Бино бар иттилооти дафтари матбуотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Томас Грименгер, дабири кулли созмони амният ва ҳамкории Аврупо мулоқот кард.

 Дар ин дидор масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ин ниҳоди муҳими байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Илова бар ин, Сироҷиддин Аслов бо хонум Анна Эриксон Сайреди, Субраманиам Джайшанкар ва Ивитса Дачичи, вазирони хориҷаи Норвегия, Ҳиндустон ва Сербистон дидор дошта ва ҳамкориҳои иқтисодӣ шомили бахшҳои гардишгарӣ, энергетика, фанноварӣ ва омӯзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.