Коҳиши теъдоди корхонаҳои судовари Тоҷикистон
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки теъдоди корхонаи зиёновар дар ин кишвар таи як соли ахир 4 ва седаҳуми дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, дар ин гузориш таъкид кардааст, ки саҳми корхонаҳои судовар дар ин кишвар таи шаш моҳи нахусти соли раавон 48 ва шаш даҳуми дарсадро ташкил кардааст.
Дар ин миён ширкати давлатии Барқи тоҷик ва идораи интиқоли гози Тоҷикистон аз қарздортарин марокизи давлатие ҳастанд, ки бо вуҷуди дарёфти кумакҳои калони молӣ ҳанзу ҳам натавонистанд қарзи худро пардохт кунанд.
Чунончи ширкати давлатии Барқи тоҷик 97 дарсад аз кулли маблағи қарзи корхонаҳои давлатиро ба худ ихтисос додааст ва дар вазъи ногувори иқтисодӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон қарзи молии ширкати давлати Брақи тоҷк аввалҳои имсол 22 миллиарду 900 миллион сомонӣ эълом шуда буд, ки қарздортарин ширкат дар ин кишвар аст, ҳамчунин беш аз 17 дарсади корхонаҳои саноат табдилӣ, 16 дарсад тиҷорӣ, 14 дарсад сохтмонсозӣ ва наздик ба 7 дасрад дар бахшҳои ҳамлу нақл, мухобирот ва анбордорӣ зиёновар аст.
Ҳаҷми умумии қарзи корхонаҳо ва марокизи тавлидӣ ва саноатӣ дар оғози шашмоҳаи дуввуми соли равон ба 60 миллиарду 856 миллион сомонӣ (6 миллиарду 300 миллион доллар) расидааст.
Аз сӯи дигар Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон эълом кардааст, ки таи шаш моҳи нахусти соли равон дар ин кишвар 146 корхона ва коргоҳи нав ифтитоҳ шуда 180 маркази тавлидӣ аз кор афтодааст.