Октябр 10, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қатар

Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қатар дар Давҳа дидор ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишварро имзо карданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Алӣ ибни Фатёс ал Амирӣ, додситони кулли Қатар дар Давҳа мулоқот карданд.

Тарафайн дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаи ҷиноӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ байналмилалиро баррасӣ карданд.

Тайи ин мулоқот бар алоқамандии мутақобили ду ҷониб барои тавсеаи иртиботот байни ниҳодӣ таъкид шуд.

Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қатар хостори ташдиди табодули таҷриба ва иттилоот миёни ниҳодҳои зирабти ду кишвар дар ҳавзаи ҳуқуқ ва соири ҳавзаҳои мавриди алоқаи ду тараф шуданд.

Дар поёни ин дидори додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қатар тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои зирабти ду кишварро ба имзо расонданд.