Таъйиди нишони ҷашни 5 ҳазору 500 солагии шаҳри бостонии Саразм аз суи Раҳмон
(last modified 2019-10-13T07:26:26+00:00 )
Октябр 13, 2019 12:26 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди нишони ҷашни 5 ҳазору 500 солагии шаҳри бостонии Саразм аз суи Раҳмон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди нахуст вазири ин кишварро барои нишон ( орм ) ҷашни панҷ ҳазору 500 солагии шаҳри бостонии Саразм таъйид кард.

Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 5 ҳазору 500 солагии шаҳри бостонии Саразм 12 сентиябри соли 2020 баргузор мешавад ва раёсати кумитаи баргузории ин ҷашн бар уҳдаи Қоҳир Расулзода нахуст вазири Тоҷикистон аст.

Дар орми пешниҳодии раиси кумитаи баргузории ҷашни панҷ ҳазору 500 солагии шаҳри Сарразм,як 12 зелъи тиллоӣ дида мешавад,ки баргирифта аз осори бостонии ба даст омада аз ин минтақа буда ва зилъҳои он намоди моҳҳои сол аст.

Шаҳри бостонии Саразм дар 15 километрии ғарби маркази ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва 45 километрии шаҳри Самарқанд воқеъ шудааст,ки дар паи ковишҳои бостоншиносон дар соли 1974 кашф шуд.

Ин шаҳр дар соли 2010 дар феҳристи осори ҷаҳонии Созмони Юнеско қарор гирифт.

Бар асоси бароварди бостоншиносон, ин ноҳияи таърихӣ 130 гектар вусъат дорад ва қадамати он марбут ба 5500 сол пеш аст.

Ашёи бостонии ба дастомада аз ин минтақаи бостонӣ ,ки теъдоде аз онҳо мутаалиқ ба даврони Ҳахоманишӣ аст дар музеи шаҳри Панҷакент ва музеи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.