Боздошти 9 нафар аз гардондагони як шабакаи байналмиллалии қиморбозӣ дар Душанбе
(last modified Mon, 14 Oct 2019 05:56:27 GMT )
Октябр 14, 2019 10:56 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 9 нафар аз гардондагони як шабакаи байналмиллалии қиморбозӣ дар Душанбе

Додситонии шаҳри Душанбе аз боздошти 9 нафар аз гардондагони як шабакаи байналмиллалии қиморбозӣ хабар дод.

Ба нақл аз дафтари матбуотии додситонии шаҳри Душанбе, ин афрод бо мудирияти ду табаъаи кишварҳои Сербистон ва Черногория бо таъсиси қиморхона дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон ва фиреби шаҳрвандон, миллионҳо доллар даромад касб кардаанд.

Дар гузориши додситонии шаҳри Душанбе таъкид шудааст,ки дар бозрраси аз марказҳои фаолияти ин афрод як миллион ва 300 ҳазор сомонӣ,200 ҳазор доллар, 200 ҳазор рубли русӣ 3 ҳазор евра ва 18 худрави гаронқимати хориҷӣ мусодира шудааст.

Гуфта мешавад,ки 7 нафар аз афроди боздошт шуда, табаъаи Тоҷикистон ва ду нафар дигар атбоъи кишварҳои Аврупоӣ ҳастанд.

Теъдоде аз молбохтагон гуфтаанд,ки ба хотири нотавонӣ дар пардохти маблағи эъломи аз суи ин марказҳои қимор маҷбур ба фуруши хонаҳо ва худравҳои худ шудаанд.