Октябр 15, 2019 09:54 Asia/Dushanbe
  • Эълом шудани Паймони миллии Тоҷикистон ба унвони созмони ифротӣ

«Паймони миллии Тоҷикистон» созмони ифротӣ эълом шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон, «Паймони миллии Тоҷикистон», ки шомили гурӯҳҳои мухолифи давлати ин кишвар дар хориҷ мешавадро, созмони ифротӣ эълом кард.

Ба гузориши маркази матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, ин ниҳод ба дархости Додситони кулли ин кишвар, «Паймони миллии Тоҷикистон», ки шомили Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ мешавадро, созмони ифротӣ эълом кардааст.

Бо ин иқдом фаъолияти «Паймони миллии Тоҷикистон» дар дохили ин кишвар мамнуъ ва сомонаи иттилоърасонии он низ масдуд шуд.

Ҳамчунин интишори ҳар навъ хабар ва гузориш аз фаъолияти Паймони миллии Тоҷикистон мамнуъ шуд.

Аммо Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон ва масъули Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон гуфт, ки ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар дар бораи мамнуияти фаъолияти ин созмон ғайриқонунӣ аст, зеро ҳар 4 гурӯҳе, ки шомили «Паймони миллии Тоҷикистон» мешаванд, фаъолиятҳои ифротгарӣ анҷом надодаанд, вале ҳукумати Тоҷикистон ҳар навъ созмонеро, ки мухолиф бо сиёсатҳои он астро ифротӣ ва террористӣ, муаррифӣ мекунад. Вай таъкид кардааст, ки Паймони миллии Тоҷикистон бо баррасии ин иқдоми Додгоҳи олии ин кишвар, мавзеи расмии худро эълом хоҳад кард.

«Паймони миллии Тоҷикистон» дар соли 2018 эҷод шудааст.

 

Барчасп