Октябр 15, 2019 10:10 Asia/Dushanbe
  • Таътилии 8 дарсад аз корхонаҳо ва коргоҳҳои Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз инки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ, 8 дарсад аз корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ин кишвар ҳеч навъи маҳсулот тавлид накардаанд, интиқод кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро дар дидор бо кормандони бахши саноати Тоҷикистон иброз кардааст.

Вай гуфтааст, ки ин вазъ нигаронкунанда мебошад ва раванди рушди иқтисоди Тоҷикистонро таҳти таъсир қарор медиҳад. Ин дар ҳоле аст, ки Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон аз коҳиши даромади 1 миллиард сомонии 115 корхонаҳо ва коргоҳҳои ин кишвар дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл хабар дод. Дар ин шароит мизони молиёти пардохтии ин воҳидҳои тавлидӣ низ ба мизони 166 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори ислоҳи ин вазъ ва таъмин намудани рушди бахши саноат ва афзоиши саҳми маҳсулоти саноатӣ дар иқтисоди Тоҷикистон шуд. Вай ҳамчунин бо интиқод аз вогузории бархе маъданҳо ба ширкатҳои хориҷӣ, ки сирфан хомфурӯшии маводи сунъиро таъмин мекунад, хостори сохти корхонаҳои фароварӣ ва тавлиди маҳсулот дар ин марокиз дар дохили Тоҷикистон дар оянда шудааст.

 

Барчасп