Октябр 15, 2019 18:00 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистон барои тақвияти равобит бо Чин

Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфт, Душанбе омодаи тақвияти равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Чин аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар дидори Ҳу Чунҳуа, муовини нахуствазири Чин дар Пекин гуфт, Душанбе барои тавсеаи равобит бо Чин аҳамияти зиёде қоил буда ва омодаи тақвияти равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба бо ин кишвар аст.

Муовини нахуствазири Чин ҳам дар ин дидор гуфт, Чин ва Тоҷикистон қасд доранд тавофуқоти муҳими ба дастомада дар дидори сарони 2 кишварро иҷро ва мубодилоти тиҷориро тақвият кунанд ва ҳамкорӣ дар чорчӯби тарҳи “Як камарбанд - як роҳ” - ро таъмиқ бибахшанд.

Дар солҳои ахир ҳузури Чин дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиши зиёде ёфта ва бештарин қарзи хориҷии ин ду кишвар марбут ба Пекин аст.

 

Барчасп