Октябр 16, 2019 17:51 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанади “Дидор” дар Тоҷикистон

Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанади “Дидор” дар Тоҷикистон оғоз ба кор мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҷашнвораи байналмилалии филми мустанади “Дидор” ба мизбонии Тоҷикистон, дар пойтахти ин кишвар ба муносибати навадумин солгарди Синамои тоҷик оғоз ба кор мекунад.

Дар чорчӯби ин ҷашнвора, 57 филми мустанад аз мустанадсозони 15 кишвари мухталиф, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чехия, Фаронса, Амрико, Русия, Нидерланд, Олмон, Англия ва Тоҷикистон дар мавзӯоти мухталиф ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҷашнвораи мазкур ба муносибати навадумин солгарди Синамои тоҷик, ки имрӯз аз он таҷлил мешавад, дар маҳалли синамои “Зебуннисо” -и шаҳри Душанбе оғоз мешавад.

Ин ҷашнвора аз сӯи давлат ва Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, муассисаи “Тоҷикфилм” ва бо ҳимояти молии дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҳайати доварони байналмилалии ин ҷашнвора шомили Георгий Дзалаев, коргардони филми мустанад аз Тоҷикистон, Гулнора Абикева, мунтақиди ҳунару синмо аз Қазоқистон ва Алиризо Шоҳрухӣ, мудири иҷроии “Эрон медиа” –и Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Дар чорчӯби ин ҷашнвора, ҳамчунин мизи гирд ва мулоқотҳое бо филмсозон ва коргардонҳои филмҳои мазкур баргузор мешавад.

 

Барчасп