Терорристӣ эълом шудани Паймони миллӣ аз тарафи додгоҳи олии Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон, Паймони миллии ин кишварро,ки як созмони муташакил аз чор ташакули мухолифи давлати Душанде аст,ифротӣ ва терорристӣ эълом кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе бо интишори баёнияи расмие эълом кард; Дархости додситонии кули ин кишвар дар бораи Созмони терорристӣ ва ифротӣ эълом кардани Паймони милллии Тоҷикистонро пазируфтааст. Бар асоси ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон,тамоми пойгоҳҳои интернетии ин Паймон дар қаламрави кишвар масдуд ва кулияи фаъолиятҳои маҷозии ин гурӯҳ аз тариқи ИНТЕРНЕТ мамнуъ шудааст.
Бетардид, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон судури ҳукми додгоҳи олии ин кишвар бинобар терорристӣ эълом шудани Паймони миллӣ аз пушти парда таҳавулот ҳикоят дорад.
Ин дар ҳоле аст,ки Тоҷикистон аз ҷумлаи аъзои фаъоли Шӯрои Аврупо қаламдод мешавад. Дар ҳақиқат, метавон гуфт; додгоҳи олии Тоҷикистон мустақил амал намекунад ва тобеъи додгоҳҳо ва тасмимоти давлати Душанбе аҳкоми худро алайҳи мухолифони давлати Душанбе содир менамояд,ба вижа,ки дар ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон,ба иллати ифротӣ эълом шудани Паймони миллии ин кишвар ишорае нашудааст.
Таи беш аз ду даҳаи гузашта, мақомҳои давлати Душанбе наздик ба 20 Созмон ва ташкилоти мухолифи давлати Эмомалӣ Раҳмонро ба ба унвони Созмони терорристӣ ва ифротӣ муарифӣ карда ва монеъи идомаи фаъолиятҳои ин даста аз ташкилҳои мухолифи давлат шудаанд. Дар ҳамин росто, даҳо тан низ ба иттиҳоми пайравӣ ва тарафдорӣ аз ин Созмонҳо ва ташакулҳо, боздошт ва зиндонӣ шудаанд,дар воқеъ, давлати Душанбе фурсате барои мухолифони худ фароҳам намекунад. Ба унвони мисол, пас аз суханронии ахири Абдусаттор Бобоев,яке аз масулони Ҳизби наҳзати исломӣ ва раиси кумитаи Наҷоти зиндониёни сиёсии Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар Лаҳистон, мақомҳои амниятии давлати Душанбе ба боздошт ва шиканҷа 3 бародар ва хоҳари вай иқдом кардаанд.
Дар ҳақиқат, бояд гуфт, ийфои нақши мухолиф дар Тоҷикистон барои мухолифон ва хонаводаҳояшон бисёр гарон тамом мешавад. Дар ин шароит, таъсиси як ташкилоти аззими мухолифи давлати Душанбе назири Паймони миллии Тоҷикистон ,иқдоми мунҳасир ба фарде талақӣ мешавад.
Ба ҳамин далел, коршиносони тоҷик таъсиси Паймони миллиро иқдоми муҳим қаламдод мекунанд. Дар ин иртибот, Саид Юнуси Истаравшанӣ, коршинос ва таҳлилгари сиёсӣ ва аз ҷумла фаъолини сиёсии мухолифи давлати Душанбе дар мақолае навишт; таъсиси Паймони миллӣ, кори чандон саҳл ва осоне набуд, ба хусус бо таваҷуҳ ба мавонеъи мутаададе,ки мақомҳои амниятии Тоҷикистон таи як соли ахир пеши пои таъсиси он қарор дода буданд. Бо вуҷуди ин, мухолифон бо сабр ва ҳавсала ва барномарезии дақиқ, тавонистанд аз ҳамаи ин монеъаҳо ва саддҳо убур кунад.
Дар соли 2018 милодӣ, дар поёни нишасте дар шаҳри Варшава пойтахти Лаҳистон иттилофи Паймони миллӣ таъсис шуд. Ин Паймон, муташакил аз чор Созмон ва Ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон шомили Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, Кунгураи Озод андешони Тоҷикистон, Ислоҳот ва тавсиъаи Тоҷикистон ва Кунграи муҳоҷирони Осиёи марказӣ аст.
Аз ҷумлаи ҳадафҳои Паймони миллии Тоҷикистон эҷоди низоми бинобар Демократӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, фароҳам кардани заминаи баргузории интихоботи озод ва анҷоми ислоҳоти бунёдин дар Тоҷикистон унвон кардааст. Дар маҷмуъ,бояд гуфт; терорристӣ эълом кардани Кунграи миллии Тоҷикистон он ҳам дар остонаи интихоботи озод ва анҷоми ислоҳоти бунёдин дар Тоҷикистон унвон кардааст.
Дар маҷмуъ бояд гуфт; терорристӣ эълом кардани Кунграи миллии Тоҷикистон он ҳам дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар метавонад латмаи бузурге ба мухолифони давлати Душанбе ворид созад.
Дар воқеъ,бо ин иқдоми додгоҳи олии Тоҷикистон, мухолифони давлати Душанбе дар интихоботи оянда низ фурсате барои таҷдиди қуво ва таблиғи номзади мавриди назари худро нахоҳанд дошт.