Октябр 19, 2019 21:26 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон барои пардохти нафақаи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷик

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Русия хост, ба коргарони муҳоҷири ин кишвар нафақаи бознишастагӣ пардохт кунад.

Ба гузориши дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров дар дидор бо Вячеслав Володин, раиси Маҷлиси Думаи давлатии Русия дар Душанбе таъкид кардааст, ки мавзӯи пардохти нафақаи бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки беш аз ду даҳа дар Русия фаъолият кардаанд, бисёр ҷиддӣ аст ва Маскаву Душанбе бояд барои ҳалли ин мушкил музокира кунанд.

Ин мақоми тоҷикистонӣ афзуд, ин афрод ҷавонии худро барои кор дар Русия вақф мекунанд ва то ба ҳол мавзӯи пардохти нафақаи бознишастагии онон ҳал нашудааст.

Раиси Маҷлиси Думаи давлатии Русия ҳам дар ин дидор гуфтааст, ки бояд ин мавзуъ аз абъоди мухталиф баррасӣ шавад.

Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эълом кардаанд, ки аз аввали соли 2020 ба коргарони муҳоҷире, ки дар қаламрави ин иттиҳодия фаъолият карда ва маблағеро ба унвони ҳаққи бимаи иҷтимоӣ ба сандуқи бознишастагӣ ворез кардаанд, нафақаи бознишастагӣ пардохт хоҳанд кард, аммо аз он ҷо, ки Тоҷикистон узв Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, шомили ин имтиёз намешавад.

Аз сӯи дигар, коршиносони рус борҳо эълом кардаанд, ки шарти пардохти нафақаи бознишастагии коргарони муҳоҷири тоҷик аз сӯи давлати Русия, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.

 

Барчасп