Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон 2019”
(last modified Mon, 21 Oct 2019 13:13:18 GMT )
Октябр 21, 2019 18:13 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон 2019”

Утоқи саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии тахассусӣ дар пойтахти ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, рӯзҳои 24 то 26 октябри соли ҷорӣ ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии тахассусии “Тоҷикистон 2019” баргузор мешавад.

Ҳадафи аслии баргузории намоишгоҳи мазкур муаррифии маҳсулот ва колоҳои ширкатҳои тавлидии хориҷӣ ва дохилӣ унвон шудааст.

Дар ин намоишгоҳи байналмилалии тахассусӣ ширкатҳои тавлидии Эрон, Афғонистон, Узбакистон, Чин, Қазоқистон, Русия, Беларус ва Тоҷикистон маҳсулоти худ дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл, низомӣ, саноеи рӯшноӣ, кимиё, маъдан, муҳандисӣ, металлургия, кишоварзӣ, беҳдошт ва гардишгариро ба намоиш мегузоранд.

Дар чорчӯби ин намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамчунин ду ҳамоиши тиҷорӣ, аз ҷумла як ҳамоиши сеҷониба байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Беларус баргузор мешавад.