Июл 21, 2016 18:46 Asia/Dushanbe
  • Таътили мадрасаҳои исломӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мутобиқ набудани барномаи таълимии панҷ мадрасаи исломӣ бо барномаи Вазорати маориф ва илм дар вилояти Суғд аз идомаи фаъолияти онҳо ҷилавгирӣ намуда, мадрасаҳоро таътил кардааст. Бар ин асос, ҳамакнун танҳо як маркази омӯзиши улуми динӣ дар Тоҷикистон фаъол аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳама мадориси исломиро ба ҷуз Донишкадаи исломии ин кишвар, ки таҳти мудирияти Вазорати маориф ва илм аст, таътил кард. Ба иттилои СА "News", сарпарасти идораи умури динии вилояти Суғд гуфтааст, фаъолияти ин панҷ мадраса дар соли 2013 бо ҳадафи тадвини барномаи дарсии ҷадид аз ҷониби Вазорати маориф ва илм матуваққиф шуда будааст. Бо ин ҳол, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пас аз 13 соли тавқифи муваққатии фаъолияти ин мадрасаҳо бо баҳонаи мутобиқ набудани барномаи таълимии онҳо бо барномаи таълимии Вазорати маориф ва илм аз додани иҷозатномаи фаъолият ба ин марказҳои таълимӣ худдорӣ кард.

Аз шаш мактаби миёнаи исломӣ дар Тоҷикистон панҷтояш дар вилояти Суғд буд, ки бо таътил шудани онҳо ҳамакнун танҳо Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки таҳти мудирияти Вазорати маориф ва илм аст, фаъол мебошад. Таътили густардаи марокизи омӯзиши улуми динӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки аз ҷамъияти 8,5 миллионнафараи ин кишвар 99 дарсад мусалмон ҳастанд.

Сарпарасти идораи умури динии вилояти Суғд ҳамунин аз судури ҳукми зиндон барои 9 нафар аз имомхатибони масҷидҳои ин минтақа ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯъшудаи салафия хабар додааст. Ба гуфтаи Суҳроб Рустамзода, ин афрод дар масоҷиди ҷомеи шаҳру навоҳии Хуҷанду Гулистон, Исфара, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров ба унвони имомхатиб фаъолият мекардаанд.

Барчасп