Пардохти 31 миллион евро кумаки билоивази Олмон ба Тоҷикистон
Давлати Олмон барои чанд тарҳи муҳими беҳдоштӣ ва энержӣ дар Тоҷикистон 31 миллион евро кумаки билоиваз ба ин кишвар ихтисос медиҳад. 17 миллион евро аз ин маблағ барои такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар вилояти Бадахшон ҳазина хоҳад шуд.
Тавофуқномаи ихтисоси ин кумаки молӣ ахиран дар нишасти машваратии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Олмону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имзо шуд. Ин тавофуқномаро Абдураҳмон Абдураҳмонзода, мудири идораи ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Клоус Тансбергер, масъули ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Олмон имзо карданд.
Кори сохти нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” аз соли 2015 бар рӯйи рӯдхонаи Шоҳдара, дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон оғоз шудааст. Муҷрии тарҳи сохти ин нерӯгоҳ ширкати барқи вилояти Бадахшон “Помир энержӣ” аст, ки ниёз ба ҷазби сармояи хориҷӣ дорад ва интизор меравад, ки ин манобеи молиро Олмон дар ихтиёри ин ширкат қарор диҳад.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, барои баҳрабардории ин нерӯгоҳ 36 миллиону 800 ҳазор доллар лозим аст.
Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” метавонад бо тавлиди 60 миллион киловатт-соат барқ дар сол ниёзи бархе аз минотиқи вилояти Бадахшон ба барқро бароварда кунад.