Ноябр 11, 2019 09:38 Asia/Dushanbe
  • Муносиб набудани вазъияти роҳҳои Тоҷикистон

Мудири дабирхонаи байни давлатии Шурои роҳдории кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд муътақид аст, ки вазъияти роҳҳои Тоҷикистон муносиб нест.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Бурӣ Каримов гуфт, дар Тоҷикистон ва ба вижа дар Вазорати ҳамлу нақли ин кишвар мутахассисони роҳсозӣ бисёр кам аст.

Вай таъкид кард, дар ҳоли ҳозир масъулони Вазорати ҳамлу нақл бояд ба далели арзонӣ ва фаровонии симонт дар Тоҷикистон ба фикри сохти ҷодаҳои битонӣ бошанд.

Бурӣ Каримов гуфт, таи солҳои ахир тавлиди симонт дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳизае афзоиш дошта ва яке аз содироти муҳими ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Аз дидгоҳи вай сохти роҳҳои нав ва гирифтани аворизи тараддуди васоили нақлия дар ин масирҳо бояд дар канори роҳҳои қадимӣ бошад на ин ки барои тараддуди васоили нақлия дар роҳҳои даврони Шуравӣ низ аз худравҳо аворизи тараддуд гирифта шавад.

Вай мегуяд, агар бахши хусусӣ мехоҳад роҳҳои стандард бисозад ҳукумати Тоҷикистон бояд аз ин тарҳҳо ҳимоят кунад.

Бурӣ Каримов гуфт, ҳукумати Чин эълом кардааст, ки ба зудӣ барои бозсозии роҳҳои Тоҷикистон маблағи 350 миллион доллар кумаки билоиваз ихтисос хоҳад дод.

Ин манобеи молӣ барои бозсозии масири Душанбе то марзи Чин ва шаҳри Бохтар маркази вилояти Хатлон то шаҳри Кулоб ҳазина хоҳад шуд.

Мудири дабирхонаи байни давлатии Шурои роҳдории кишвраҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд хостори шаффофият ва назорат бар наҳваи истифода аз ин манобеи молӣ шуд.

 

Барчасп