Сентябр 26, 2016 20:15 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди таҳрими давлати Душанбе

Ахиран, Дидбони ҳуқуқи башар бо пахши як баёнияе бо ишора ба таъқиби мухолифон аз сӯйи давлати Душанбе хостори ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон шудааст. Аз ҷумла, ин ниҳоди байналмилалӣ аз ҷорӣ кардани низоми раводид бо Тоҷикистон ва таҳрими моликияти мақомоти тоҷик ба ҷурми нақзи ҷиддии ҳуқуқи шаҳрвандон пешниҳодоти худро матраҳ кардааст.

Дидбони ҳуқуқи башар дар ин баёния аз нақзи ҳуқуқи мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ, ҳабси тӯлонии роҳбарони он ва ҷонибдорони “Гурӯҳи 24”, ки дар Тоҷикистон созмони терористӣ эълом шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст. Дар баёнияи ин ниҳод ҳамчунин аз талаби 25 соли зиндон ба Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруфи тоҷик, ҳабси адвокат Шуҳрат Қудратов ва писарони адвокат Исҳоқ Табаров низ ишора кардааст. 

Шокирҷон Ҳакимов-ҳуқуқшиноси тоҷик пешниҳоди дидабони Ҳуқуқи башарро таҳдиди ҷиддӣ ба манофеъ ва ҳайсияти ҳукумат арзёбӣ карда афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд барои тағйири афкори созмонҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ дар иртибот ва авзои озодии баён ва риояи ҳуқуқи башар дар дохили кишвар талоши бештаре анҷом диҳад дар ғайри ин сурат эъмоли таҳрим метавонад ба иқтисоди кишвар зарари чашмгир ворид намояд.

Дар ҳамин ҳол, ки Ҷамшед Ҳомидов, намояндаи доими Тоҷикистон дар Женева зимни муаррифии посухҳои Тоҷикистон дар робита бо машварати кишварҳои аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, гуфтааст, "аз миёни 203 машварате, ки ба Тоҷикистон ҳангоми муаррифии гузориши умумии ҳуқуқи башари ин кишвар (барои солҳои 2011-2016) дар моҳи май ироа шуд, давлати Душанбе 70 дарсади он ё худ 173-тои онҳоро пазируфт". Аз ҷумла, намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин кишвар адолати судӣ комилан таъмин буда, боздоштшудаҳо бо вакили мудофеъ таъмин ва баррасиҳои додгоҳӣ низ ба таври одилона ва мутобиқ бо қонунҳои Тоҷикистон сурат мегирад.