Баргардонии 70 шаҳрванди тоҷикистонӣ аз сафари Ҳаҷҷи умра
Мақомоти амниятӣ, интизомӣ ва кормандони Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз парвози 77 зоири тоҷик, ки барои ба ҷо овардани Ҳаҷҷи умра ба Арабистон сафар мекарданд, баргардонданд.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин зоирон қарор буд аз тариқи ширкатҳо озими Арабистон шаванд, ки муҷаввизи расмии эъзоми зоир ба Ҳаҷро надоранд ва қимати онҳо дар муқоиса бо ду ширкат арзонтар аст ва дар Тоҷикистон муҷаввиз эъзоми зоир ба Ҳаҷ дар инҳисори ду ширкати "Расул Сохтмон” ва "Ормон” буда ва Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон бо вуҷуди фароҳам шудани заминаи дарёфти интернетии раводиди сафари умра, имкони ин фаъолиятҳоро барои дигар афрод ва ширкатҳо маҳдуд кардааст.
Гуфта мешавад, ки ширкатҳои инҳисории "Расул Сохтмон” ва "Ормон” зоирони тоҷикро дар баробари дарёфти ду ҳазор то ду ҳазору сад доллар, озими Ҳаҷҷи умра мекунанд, ки ин қимат дар ширкатҳои ғайридавлатӣ ҳазору 600 доллар аст.
Дар ин замина масъулони чаҳор ширкат боздошт шудаанд ва мушаххас нест, ки сарнавишти пулҳои пардохтшудаи ин 70 зоир чӣ хоҳад шуд.
Ин зоирон қарор буд, бо парвозҳои ҳавопаймои "Сомон Эйр” ва "FlyDubai” ба Арабистон сафар кунанд.