Беҳдошт ва дармони Тоҷикистон ниёзманди таҷҳизот ва сармоягузорӣ
Бахши тандурстии Тоҷикистон ниёз ба сармоягузорӣ ва таҷҳизот дорад.
Иттиҳоди Аврупо эълом кардааст, ки мушкили аслии бахши беҳдошт ва дармони Тоҷикистон камбуди сармоягузорӣ ва таҷҳизот аст.
Ба гузориши “Авесто”, ин мавзуъ дар нишасти муштараки Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар ин нишаст роҷеъ ба иҷрои мавзӯҳои аслии барномаи роҳбурдии рушди бахши беҳдошт ва дармони Тоҷикистон то соли 2020 баҳс ва табодули назар хоҳад шуд.
Дар гузориши Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ин барнома таъкид шудааст, ки бо вуҷуди афзоиши рушди ҷамъият, беҳбуди нисбии шохисаҳои зиндагӣ, камбуди сармоягузорӣ дар бахши таҷҳизот ва кадрҳои мутахассиси пизишкӣ дар ин бахши Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ мемонад.
Ҳамчунин паҳн шудани бемориҳои сироятӣ ва уфунӣ аз дигар мушкили бахши беҳдошт ва дармони Тоҷикистон аст, ки бояд бо кумаки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошти ин мушкилот ҳаллу фасл шавад.
Дар гузориши Иттиҳоди Аврупо аз мудирияти заифи бахши беҳдошт ва дармони Тоҷикистон ба унвони мушкили дигари ин кишвар ишора шудааст.