Рушди 7.2 дарсадии иқтисоди Тоҷикистон таи 9 моҳи гузашта
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48815-Рушди_7.2_дарсадии_иқтисоди_Тоҷикистон_таи_9_моҳи_гузашта
Давлати Тоҷикистон эълом кард тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар аз оғози имсол бо ҳудуди 7.2 дарсад рушд, ба 5 миллиарду 128.8 миллион доллар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 03, 2019 07:13 Asia/Dushanbe
  • Рушди 7.2 дарсадии иқтисоди Тоҷикистон таи 9 моҳи гузашта

Давлати Тоҷикистон эълом кард тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар аз оғози имсол бо ҳудуди 7.2 дарсад рушд, ба 5 миллиарду 128.8 миллион доллар расид.

Ба нақл аз хабаргузории Анатолӣ, Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон дар гузорише эълом кард, тавлиди нохолиси дохилии кишвар аз оғози имсол бо 7.2 дарсад рушд, ба ҳудуди 52 миллиарду 878 миллион сомонӣ (5 миллиарду 128 миллион доллар) расид.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, рушди тавлиди саноатии Тоҷикистон 3.3 дарсад, бахши кишоварзӣ 7.1 дарсад, бахши домпарварӣ 7.1 дарсад ва бахши хадамот 3.1 дарсад будааст.

Бар асоси оморҳои расмии ин вазоратхона тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар дар соли гузашта ба нархи 7.3 дарсад афзоиш ёфта ва ба 68.8 миллиард сомонӣ (7.2 миллиард доллар) расида буд.

Интизор меравад тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон то охирҳои имсол ба 78.2 миллиард сомонӣ (8.2 миллиард доллар) афзоиш ёбад.