Таъкиди сафири Эрон дар Тоҷикистон бар афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии ду кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49027-Таъкиди_сафири_Эрон_дар_Тоҷикистон_бар_афзоиши_ҳаҷми_мубодилоти_иқтисодии_ду_кишвар
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бар зарурати афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Теҳрону Душанбе таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 10, 2019 15:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сафири Эрон дар Тоҷикистон бар афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии ду кишвар

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бар зарурати афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Теҳрону Душанбе таъкид кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси роҳҳои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва молӣ табодули назар кард. Вай бо ишора ба зарфиятҳои боло ва моҳияти мукаммал будани иқтисоди Эрону Тоҷикистон омодагии Эронро барои ҳамкорӣ дар ҳама заминаҳо ва иҷрои тарҳҳои муштарак бо Тоҷикистон эълом кард. Вазири молияи Тоҷикистон ҳам дар ин дидор бо ишора ба собиқаи тӯлонии дӯстӣ ва иштирокоти ду миллат ва давлатҳои Эрону Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба тавонмандии фаннӣ ва содиротии ширкатҳои эронӣ Тоҷикистон дар бисёре аз заминаҳо омодаи ҳамкорӣ барои сохти корхонаҳои муштарак аст.