Декабр 11, 2019 18:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Хорватия: тавсеаи ҳамкорӣ меҳвари ройзанӣ

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Хорватия дар ҳошияи ҳаштумин нишасти Шӯрои ҳамкории Душанбе ва Иттиҳоди Аврупо дидор карданд.

Ба гузориши “Форс”, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Гордон Гарлич Рудмон, вазири умури хориҷаи Хорватия дар ҳошияи ҳаштумин нишасти Шӯрои ҳамкории Душанбе ва Иттиҳоди Аврупо мулоқот карданд.

Дар ин дидор масоили марбут ба тақвият ва тавсеаи равобит миёни Тоҷикистон ва Хорватия ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби Иттиҳоди Аврупо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Раисони ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Хорватия дар ин мулоқот бар зарурати тақвияти тамосҳои сиёсӣ, эҷоди пояи ҳуқуқӣ ва механизмҳо барои гуфтугӯ ба манзури эҷоди ангеза дар муносиботи ду кишвар таъкид карданд.

Тарафайн ҳамчунин дар заминаи масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва соири масоили мавриди алоқаи ду тараф баҳсу табодули назар анҷом доданд. Дастури кори ҳаштумин нишасти Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо машмули ҷанбаҳои калидии мушорикат ва ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Душанбе, мавзӯоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи башар ва масоили байналмилалӣ ва минтақаӣ буд.

Дар ин нишаст тарафайн вазъияти феълӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин роҳҳои густариши бештар равобити мутақобили судмандро баррасӣ карданд. Дар ин иҷлос масирҳои аслии ҳамкорӣ, вазъияти иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодӣ, энержӣ, тазмини амнияти марзҳо, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои минтақаӣ дар чорчӯби стратегияи ҷадиди Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

 

 

Барчасп