Дархости созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз Тоҷикистон барои поён додан ба таъқиб ва тарсондани мухолифони сиёсии давлат
Декабр 16, 2019 11:59 Asia/Dushanbe
Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз Тоҷикистон хостанд ба таъқиб ва тарсондани мухолифони сиёсии давлат поён диҳад.
Ду созмони ҳуқуқи башарӣ мавсум ба Кумитаи Хелсинки аз кишвари Норвегия ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ бо интишори баёнияе аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба таъқиб ва фишори аъзои хонаводаҳои мухолифони сиёсии давлат дар хориҷ поён диҳад.
Дар ин баёния ба бозҷӯӣ ва фишор ба хонаводаи Фатҳуддин Саидмуҳиддинов ишора шудааст, ки пас аз мушорикати вай дар таҷаммуъи эътирозӣ ба сафари Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фаронса мақомоти амниятии падар ва бародарони вайро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Душанбе мунтақил карданд.