Декабр 16, 2019 12:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Миллал барои мубориза бо маводи мухаддир

Масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари минтақаии мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Миллал дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Ба нақл аз Форс, Икром Умарзода муовини Вазорати кишвари Тоҷикистон ва Ашията Митал намояндаи Дафтари минтақаии мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Миллал дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе дидор карданд.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба тавсеа ва беҳбуди системи мубориза бо қочоқ ва маводи мухаддир мавриди баҳсу баррасии тарафайн қарор гирифт. Масоили марбут ба муборизаи муштарак бо ҷурмҳои созмонёфтаи фаромиллӣ аз ҷумлаи дигар мавзӯоте буд, ки дар ин дидор баррасӣ шуд. Дар ин дидор таъкид шуд, ки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, маводи равонгардон, терроризм ва дигар ҷурмҳо яке аз масирҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Миллал мебошад. Ашията Митал гуфт, Созмони Миллал дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷурмҳои байналмиллалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пешгом буда ва дорои дафтарҳои майдонӣ дар тамомии минтақаҳои дунё мебошад. Дар поёни ин дидор тарафайн омодагии худ барои тавсеаи ҳамкории муассир дар заминаи мубориза бо ҷурмҳо аз ҷумла қочоқи маводи мухаддирро эълом карданд.

 

Барчасп