Сафари адибони ӯзбакистонӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49422-Сафари_адибони_ӯзбакистонӣ_ба_Тоҷикистон
Адибони ӯзбакистонӣ роҳии Тоҷикистон мешаванд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 25, 2019 15:50 Asia/Dushanbe
  • Сафари адибони ӯзбакистонӣ ба Тоҷикистон

Адибони ӯзбакистонӣ роҳии Тоҷикистон мешаванд.

Ба гузориши “Форс”, ҳайате аз адибони ӯзбакистонӣ дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон, дар барномаҳои гиромидошти Эркин Воҳидов, қаҳрамони Узбакистон ва шоири мардумии ин кишвар ширкат хоҳанд кард.

Нишасти аслӣ бо ҳузури нависандагони тоҷик ва ӯзбак дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар моҳи майи соли ҷории мелодӣ бо ибтикори адибон ва нависандагони Узбакистон дар шаҳри Тошканд барномаи гиромидошти Мирзо Турсунзода, нависандаи мардумии Тоҷикистон барпо шуда буд.

Дар чорчӯби ин сафар, ҳамчунин қарор аст, ки нависандагони Узбакистон дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи атрофи он шабҳои шеър баргузор кунанд.