Декабр 28, 2019 14:17 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи гузаргоҳи нави марзӣ дар ояндаи наздик байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Дар ояндаи наздик, байни Тоҷикистон ва Узбакистон як гузаргоҳи нави марзӣ ифтитоҳ мешавад.

Ба нақл аз Форс, дар ҳоли ҳозир дар ин гузаргоҳ коргарон машғули фаъолиятҳои умронӣ ҳастанд ва интизор меравад дар ояндаи наздик ифтитоҳ шавад.

Ин гузаргоҳи нави марзӣ,ки ҳаждаҳумин гузаргоҳи марзӣ миёни ду кишвар хоҳад буд дар марҳалаи аввал фақат ба сурати рӯзона фаъолият хоҳад кард.

Бинобар тавофуқномаи байни давлатӣ аз соли 2002 милодӣ дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон 16 гузаргоҳ ва пости марзӣ сохта шудааст.

Бештари гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар миёнаҳои соли 2000 милодӣ бинобар шиддат гирифтани робитаҳо миёни 2 кишвар баста шуданд ва то соли гузаштаи милодӣ фақат 2 гузаргоҳи марзии Турсунзода- Сурхандарё ва Бустони- Бекобод, боз буданд.

Дар моҳи марти имсоли гузаштаи милодӣ дар остонаи сафари Шавкат Мирзоев ба Тоҷикистон 16 гузаргоҳи мавҷуди марзӣ миёни 2 кишвар ба таври комил боз шуданд.

Барчасп