Декабр 31, 2019 10:24 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии довталабони Ҳизби комунисти Тоҷикистон барои интихоботи парлумонии соли 2020

Ҳизби комунисти Тоҷикистон асомии довталабони интихоботии худро эълом кард.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Меъроҷ Абдуллоҳов раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон гуфт, ин гуруҳи сиёсӣ пас аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015, 5 нафарро ба ҳавзаи воҳиди ҳизбҳои сиёсӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи марти соли 2020 Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.

Дар ин рӯйхат асомии Меъроҷ Абдуллоҳов  ва Ҳабибуллоҳ Ёров аз рӯзноманигорони саршиноси Тоҷикистон дида мешавад.

Ҳамчунин шаш намояндаи Ҳизби комунисти Тоҷикистон  ба унвони довталаб ба ҳавзаҳои интихобияи мустақил барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали  марти соли 2020 Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.

Раёсати Ҳизби комунисти Тоҷикистонро пас аз истиқлоли ин кишвар ба муддати 25 сол Шоди Шабдалов баруҳда дошт.

Исмоил Талбаков пас аз Шабдалов муддати кутоҳе раиси ин ҳизб шуд ва дар пайи фавти вай дар соли 2017 акнун Меъроҷ Абдуллоҳов раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон аст.

Агар дар даврони раёсати Шоди Шабдалов Ҳизби комунисти Тоҷикистон бо барномаҳои ҳукумати ин кишвар мухолифат мекард, акнун Меъроҷ Абдуллоҳов мегуяд, ки ин гуруҳи сиёсӣ ҳамсӯ ва ҳамназар бо сиёсатҳои давлат аст.

Барчасп