Баста шудани роҳи шимол ба маркази Тоҷикистон бар асари бориши барф ва омадани тарма
(last modified 2020-01-04T07:03:06+00:00 )
Январ 04, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани роҳи шимол ба маркази Тоҷикистон бар асари бориши барф ва омадани тарма

Роҳи шимол ба маркази Тоҷикистон бар асари бориши барф ва омадани тарма баста шуд.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълом кард,ки масири Душанбе - Хуҷанд бар асари бориши барфи зиёд ва омадани тарма баста шуда ва то иттилои баъди ҳаракати васоили нақлия дар ин масир имкон надорад.

Мақомоти ин Кумита эълом карданд ,ки дар рӯзҳои ахир бориши барфи бесобиқа ва омадани тарма дар киллометри 48 то 73 ин масир муҷиби баста шудани роҳи иртиботӣ миёни шимол ва маркази Тоҷикистон шуд,ки бо кумаки нерӯҳои имдодӣ ҳудуди 100 мусофир ва ронанда гирифтор дар барф наҷот ёфта ва ба масири худ ҳидоят шуданд.

Ширкати IRS ки масулияти ироаи хадамот дар ин масирро бар уҳда дорад бо таъйиди баста шудани ин ҷода ба иллати бориши барф эълом кардааст,ки барои боз шудани ин масир тамоми имконоти худро ба кор гирифтааст.

Чандрӯз пеш дар ҳушдори идораи ҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи бориши барфи зиёд дар минтақаҳои кӯҳистонӣ масулони ширкати  IRS аз омодагии худ барои барфрӯбӣ, имдод ва наҷот ва кумак ба ронандагон, мусофирон ва ҳаракати васоили нақлия дар масири Душанбе - Хуҷанд хабар дода будан, аммо акнун мақомоти ширкати ёдшуда аз мардум хостанд,ки то бозшудани ин роҳ аз рафтуомад дар масири Душанбе - Хуҷанд худдорӣ кунанд.

Барчасп