Сентябр 27, 2016 19:39 Asia/Dushanbe
  • Сафари дабири кулли Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ ба Душанбе

Николай Бордюжа-дабири кулли Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо мақомҳои Тоҷикистон, имрӯз (сешанбе - 27 сентябр) ба Душанбе сафар кард.

Сафари Бордюжа ба Душанбе дурӯза аст. Бордюжа қарор аст дар дидор бо бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Шералӣ Мирзо, Вазири дифо ва Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар бораи роҳҳои афзоиши ҳамкориҳои ин кишвар бо СПАД гуфтугӯ кунад.

Баррасии авзои амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ ва омодагӣ барои баргузории иҷлоси ояндаи вазирони умури хориҷа ва дифои кишварҳои узв СПАД, аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи дабири кулли ин созмон бо мақомҳои Тоҷикистон эълом шудааст. Бинобар ин гузориш, дар ин дидорҳо ҳамчунин мавзӯи кӯмакҳои СПАД ба давлати Тоҷикистон ба манзури таҳким марзҳои худ бо Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Сафари Бордюжа ба Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки мақомҳои давлати Чин низ тайи рӯзҳои гузашта бо мақомҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон перомуни амнияти Осиёи Марказӣ ва истеҳкоми марзҳои ин ду кишвар бо Афғонистон гуфтугӯ кардаанд. Ин гуфтугӯҳо нишондиҳандаи аҳамияти ҳифзи свбот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои Русия ва Чин аст.

Давлати Чин дар ҳамин замина, аз сарфи ҳазина ба манзури эҳдоси чандин бурҷ ва таъсисоти низомӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Афғонистон хабар додааст. Дар ҳақиқат, бояд гуфт, таҳаррукоти фирқаҳои гумроҳ бавижа ваҳобият ва бозӯи низомиаш, яъне гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, масъулони СПАД-ро ба вокуниш водор кардааст.

Хабарҳои дарёфтӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ҳокӣ аз он аст, ки  гурӯҳи террористии ДИИШ фаъолияти худро бавижа дар Қирғизистон ва Тоҷикистон афзоиш додааст. Баррасиҳо нишон медиҳад, ки ин гурӯҳи террористӣ дар солҳои нахусти фаъолият бо ваъдаи дурӯғини биҳишт ва ахиран бо додани пули фаровон ва ташвиқи ҷавонони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва хонаводаҳои онҳо, нерӯи инсонии худро таъмин мекунанд. Ба ҳамин далел, Бордюжа дар моҳи августи соли гузаштаи мелодӣ низ бо сафар ба Қирғизистон ва Тоҷикистон, мавзуоте назири ироаи таслиҳот ба ду кишвар ва таъмини амнияти марзҳои ин кишварҳо бо Афғонистонро баррасӣ карда буд.

Воқеият он аст, ки пас аз истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бавижа Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 1991 мелодӣ, бекорӣ ва рукуди иқтисодӣ, ин кишварҳоро фаро гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир ба далели бекорӣ ва фақр, хонаводаҳои фиребхӯрдагони гурӯҳи террористии ДИИШ ба шиддат ба ин пулҳо ниёзманд ҳастанд. Ба ҳамин далел, бояд гуфт, барои гурӯҳҳои вобаста ба бегонагон, ҷазби ин гурӯҳҳо кори чандон сахте нест. Дар ин миён, кишварҳои минтақа бавижа Русия, ки аз фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористии вобаста ба бархе кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс аз ҷумла Арабистон, Аморот ва Қатр ба танг омадаанд, даст ба кор шудаанд. Дар ин миён шаке нест, ки раҳбарони режими Саудӣ ҳазинаҳои ҳангуфте сарф мекунанд, то битавонанд озодии ҳарчӣ бештари фаъолияти ҳомиёни худро дар манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба даст оваранд. Бо вуҷуди ин, ба назар намерасад, ки давлат ва ҳатто миллатҳои минтақа дигар ҳозир ба ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ бо режимҳои муртаҷеи араби ҳошияи Халиҷи форс бошанд.

Ногуфта намонд, ки СПАД дар соли 1992 мелодӣ бо мушорикати кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон таъсис шуд. Ин кишварҳо дар соли 2002 мелодӣ тасмим гирифтанд, ин созмонро ба як эътилофи низомӣ табдил кунанд. Баъдҳо кишварҳои Гурҷистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Узбакистон аз ин созмон ҷудо шуданд. Аҳдофи ташкили ин созмон шомили маҳдуд кардани замина густариши НАТО ва нуфузи Амрико дар ҳавзаи кишварҳои ҳамсоя аст, ки пас аз фурӯпоши Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва коҳиши тавони сиёси, иқтисодӣ ва низомии Федератсияи Русия ба манзури муттаҳид нигаҳдоштани кишварҳои узви иттиҳод ва боло бурдани зарфиятҳои низомӣ ва сиёсии онҳо эҷод шудааст.