Ба таъвиқ афодани ҳукми маҳкумияти мудир ва кормандони Ширкати манзили дастрас дар Душанбе
(last modified 2020-01-06T05:50:22+00:00 )
Январ 06, 2020 10:50 Asia/Dushanbe
  • Ба таъвиқ афодани ҳукми маҳкумияти мудир ва кормандони  Ширкати манзили дастрас дар Душанбе

Додгоҳи Душанбе эълом кард маҳкумияти мудир ва 5 корманди масъули ширкати сохту соз мавсум ба Манзили дастрасро ба ақиб андохт.

Ба нақл аз ТопТҶ, Нуруллоҳ Наимов ва 5 корманди масъули ин ширкат муттаҳам ба ихтилоси молӣ ва вориз накардани маблағҳои муштариёни мутақозии хонадор шудан ба ҳисоби Ширкати манзили дастрас ҳастанд.

Ин ширкат аз соли 2013 фаолияти худро бо ҳимояти Муҳаммадсаид Убайдуллоҳов шаҳрдори собиқи Душанбе оғоз кард ва қарор буд дар соли 2016 манзилҳои маскунии муштариёнро, ки маблағи пешпардохтро ба ҳисоби ширкати Манзили дастрас вориз кардаанд таҳвил диҳад, аммо дар соли 2016 маълум шуд, ки масъулони ин ширкат қисмате аз маблағҳои дарёфтӣ аз мардумро ба ҳисоби ин ширкат вориз накардаанд. Бинобарин ашхоси хатокарда боздошт шуданд ва акнун сарнавишти 25 миллион сомонӣ малбағи мардум ва хонаҳое, ки бояд ба муштариён таҳвил дода мешуд номаълум аст.

Муштариёни молбохта мегуянд намедонанд бо эъломи ҳукми маҳкумияти мудир ва 5 корманди масъули Ширкати манзили дастрас оё онон метавонанд пулҳои худро пас бигиранд ва ин ки оё мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ҳалли мушкили хонадор шудани ин ашхос кумак хоҳанд кард ё на.