Вогузории таъин ва барканории кормандони Ожонси мубориза бо фасод ба раисҷумҳури Тоҷикистон
(last modified Mon, 06 Jan 2020 09:26:43 GMT )
Январ 06, 2020 14:26 Asia/Dushanbe
  • Вогузории таъин ва барканории кормандони Ожонси мубориза бо фасод ба раисҷумҳури Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи банде аз қонуни фаъолияти "Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон" интисоб ва барканории кормандони масъул дар ин ниҳодро ба шахси Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури ин кишвар вогузор кард.

 Бо ислоҳи ин банд аз ин пас тамоми раисон ва мудирони идораҳои марказӣ , вилоятӣ , шаҳрӣ ва ноҳиявии Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бо мувофиқати Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури Тоҷикистон барканор ё мансуб(таъин) хоҳанд шуд.

 Иқдоми ахири Маҷлиси Тоҷикистон дар заминаи вогузории масъулияти таъин ва барканории мақомҳои Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ ба шахси раисҷумҳур нишондиҳандаи идомаи нокомиҳои давлати Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо фасоди молӣ ба вежа дар сатҳи мақомҳои баландпояи давлати Душанбе аст. Ин нахустин бор нест, ки давлати Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо фасод бо масоиле рубару мешавад. Давлати Тоҷикистон аз ибтидои соли 1995 ба баъд , тақрибан ҳар се сол як бор қонуни мубориза бо фасоди молии мақомҳои баландпояи давлатӣ ва коркунони ин идораро баррасӣ ва мурур кардааст.

 Мақомҳои давлати Душанбе бавежа раисҷумҳури Тоҷикистон тасаввур мекунанд бо тағйири кормандони масъул дар ин идора , битавонанд аҳдофи худро дар ин замина амалӣ созанд. Ба ҳамин далел аст, ки ба назар мерасад Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар рӯзи 26 декабри соли 2019 аз ончи, ки ҳузури афроди ғайрикасбӣ ва бесалоҳият дар сохторҳои мубориза бо фасоди молӣ, амният ,ҳифзи ҳуқуқ ва додситонии кулл Тоҷикистон хонд , ба шиддат интиқод ва фармони поксозии ин ниҳодҳо аз афроди ғайрикасбиро содир кард. Пеш аз  ин иқдом , раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишаст  бо кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дар рӯзи 17 декабр 2019 ба нишони норизоитӣ аз амалкарди ин идораи давлатӣ теъдоде аз кормандони онро аз мансабҳояшон барканор ва аз маҳалли нишаст ихроҷ кард.

 Ба рағми талошҳои давлати Душанбе дар заминаи мубориза бо фасод , воқеият он аст, ки мавзӯъи мубориза бо фасод ва ришвахорӣ ва суистифода аз мақом ва вазифаи давлатӣ муддатҳост, ки дар дастури кори давлати Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ончи дар ин миён матраҳ аст, ин ки ҳамзамон бо эъломи барномаи мубориза бо фасод, на фақат аз домана ва густараи фасод ба мафҳуми омми калима дар Тоҷикистон коста нашуда , балки доманаи иҷрои таҳқиқ дар хусуси ин падида, рӯз ба рӯз дар ин ҷумҳурии Осиёи марказӣ густурда шудааст.

 Воқеият он аст, ки ришвахории густурда дар ҷумҳуриҳои вобаста ба блоки шарқи собиқ аз ҷумла Тоҷикистон , аз ҳузури низоми мутамаркизи тасмимгирӣ дар даврони султаи Ҳизби коммунист дар ин кишвар реша гирифтааст. Дар воқеъ беш аз ҳафтод сол ҳузури султагаронаи низоми мутамаркизи тасмимгирии Шӯравии собиқ дар Тоҷикистон ба раҳбарон ва мардуми ин кишвар роҳҳои касби даромадҳои ғайриқонуниро омӯзиш додааст. Дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ низ бо ҳамин мушкил рубуру ҳастанд. Дар айни ҳол тайи солҳои гузашта барномаҳои мубориза бо фасод дар ин ҷумҳуриҳо аз ҷумла Тоҷикистон ҳамвора бо фарозу нишебҳои ҳамроҳ буда ва бо шикаст анҷомидааст.