Боздошти як тоҷик дар Қафқоз ба иттиҳоми ҷазби нерӯ барои ДИИШ
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ дар Қафқоз ба иттиҳоми ҷазби ҷавонон ба гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шудааст.
Ба иттилои сайти Ка-Ниюз, мақомоти ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ гуфтаанд, ки Умарҷон Усмонов, тоҷики боздошт шударо ба Русия мунтақил кардаанд, то ба Тоҷикистон истирдод шавад .
Ба гуфтаи мақомоти амниятии Осетияи Ҷанубӣ, Умарҷон Усмонов дар миёни коргарони муҳоҷир бо истифода аз оператори телефони ҳамроҳи Мегафон андешаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таблиғ кардааст .
Аз сӯи дигар хабаргузории русии "Росбалт" аз ҳукми додгоҳи Маскав барои ҳабси абди Абдулазиз Усмонов, шаҳрванди 20 солаи Тоҷикистон ба муддати 4 солу 4 моҳу ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ифротии Ҳизби таҳрир хабар додааст .
Дар ҳукми додгоҳи Маскав таъкид шудааст, ки Абдулазиз Усмонов аз октябри соли 2014 ба муддати яксол дар ҷаласоти гурӯҳи ифротии Ҳизби таҳрир ширкат ва ба нафъи ин созмон, ки фаъолияти он дар қаламрави Русия мамнуъ аст, таблиғ ва аз ҷавонони коргари муҳоҷири тоҷик барои пайвастан ба ин гурӯҳ даъват кардааст .
Бар асоси гузориши Вазорати кишвари Тоҷикистон, дар 18 моҳи ахир150 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар ба иттиҳоми мушорикати дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ба ин ҷумҳурӣ истирдод шудаанд, ки 133 нафар аз онон узви гурӯҳи ДИИШ будаанд .