Январ 08, 2020 18:56 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони аввалин ҷашнвораи байналмилалии филми “Душанбе”

Нахустин ҷашнвораи байналмилалии филми “Душанбе” моҳи апрели соли ҷорӣ ба мизбонии Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар баргузор мешавад.

Ба гузориши “Форс”, бинобар гузориши муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, дар ин ҷашнвора меҳмонон ва филмсозон аз кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (ИДМ), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва ҳамчунин бародархондагони шаҳри Душанбе ширкат мекунанд.

Дар маҷмуъ дар ин ҷашнвора то 20 филми синамоӣ дар мавзӯоти мухталиф (ба ҷуз филмҳои анимейшн) намоиш дода мешавад.

Бузургтарин ҷоизаи ин ҷашнвораи байналмилалӣ ба беҳтарин филми ҳунарӣ эъто мешавад.

Ҳамакнун вебсайти расмии ҷашнвораи байналмилалии филми “Душанбе” бо унвони www.dushanbeiff.tj роҳандозӣ шудааст.

Муассисони аслии ин ҷашнвора давлати Тоҷикистон, ниҳоди иҷроии шаҳрдории Душанбе ва муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳастанд.

Ҷашнвораи байналмилалии филми “Душанбе” ба ифтихори рӯзи пойтахт ва тақвияти ҳамкории филмсозони Тоҷикистон ва ошноии мухотабони тоҷик бо дастовардҳои синамои ҷаҳон ҳар 2 сол як бор баргузор мешавад.

Ҳайати доварони ин ҷашнвора муташаккил аз 5 коршиноси дохилӣ ва хориҷӣ хоҳанд буд.

Ҳамчунин дар ин ҷашнвора баргузории мизигирдҳо ва давраҳои омӯзишӣ барномарезӣ шудааст.

 Нахустин ҷашнвораи филми “Душанбе” дар пойтахти Тоҷикистон 13 то 18 апрели соли ҷории мелодӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп