Беш аз 4 миллиард тонна захоири ангишт дар Тоҷикистон
Бонки рушди Авруосиё дар гузорише мизони захоири ангишт дар Тоҷикистонро 4 миллиарду 300 миллион тонна эълом кард.
Ба иттилои сайти Авесто, дар ин гузориш, ки бо унвони "Саноеи ангишт дар кишварҳои Авруосиё" мунташир шуда, таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бадалели қатъи гази содиротии Узбакистон дар соли 2012 аз 5 майдони бузург истихроҷи ангиштро афзоиш дод .
Бар асоси гузориши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, имсол дар ин кишвар истихроҷи ангишт ба як миллиону 700 ҳазор тонна хоҳад расид, ки навъе рекорд баҳисоб меояд .
Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта дар ин кишвар беш аз як миллион тонна ангишт истихроҷ шуда буд .
Аз сӯи дигар дар гузориши Бонки рушди Авруосиё таъкид шудааст, ки истихроҷи фазояндаи ангишт дар Тоҷикистон дар сурати баҳрабардорӣ аз маёдини нафту газ ё афзоиши воридоти фаровардаҳои нафтӣ метавонад коҳиш ёбад.
Дар Тоҷикистон захоири бузурги ангишт дар майдонҳои "Фон-Яғноб", "Шӯроб" дар вилояти Суғд, "Назарайлоқ" дар водии Рашт, "Зидеҳ" дар шимоли шаҳри Душанбе ва "Сайёд" дар дарраи Ромити ноҳияи Ваҳдат вуҷуд дорад .
Дар шароити феълӣ бадалели таъмини ниёзи дохилӣ, содироти ангишт аз Тоҷикистон ба хориҷ мамнуъ аст .