Сентябр 28, 2016 19:43 Asia/Dushanbe
  • Истеъмоли сигор дар маконҳои умумии Тоҷикистон мамнӯъ мешавад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тарҳеро пешниҳод карда, ки бар асоси он истеъмоли маҳсулоти тамоку дар маконҳои  умумӣ, аз ҷумла ресторану тарабхонаҳо дар ин кишвар мамнӯъ шавад.

Бар асоси гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рӯзҳои оянда ин пешниҳод барои раъйгирӣ ба парлумон ироа хоҳад шуд, то дар сурати тасвиб дар Тоҷикистон иҷро гардад.

Бар асоси ин қонун, хариду фурӯш ва дастрасии осон ба маҳсулоти тамоку, аз ҷумла сигор ва қалён ва истифодаи он дар ресторан ва маконҳои умумӣ мамнӯъ хоҳад шуд.

Наврӯз Ҷаъфаров - муовини вазири тандурустии Тоҷикистон сабаби мамнӯъ кардани истеъмоли сигор дар маконҳои умумиро мубориза бо бемориҳои қалбӣ ва саратон унвон кард.

Тоҷикистон дар соли 2013 ба эъломияи умумии ҷаҳонии мубориза бо тамоку пайваст, аммо қонуни кунунӣ барои мубориза бо маҳсулоти тамоку дар ин кишвар заиф амал мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон, истифодаи сигор дар байни навҷавонон ва занон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Тибқи пажӯҳишҳо, дар Тоҷикистон 10 дарсади афроди калонсол ба кашидани сигор тамоюл доранд. Бар асоси оморҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар сигорӣ вуҷуд дорад, ки 78 дарсади онҳоро мардон, 10 дарсад занон ва 12 дарсади дигарро навҷавонон ташкил медиҳад.

 

Барчасп