Январ 24, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Додситонии Тоҷикистон: Шветсия дар мавриди тоҷикҳои муттаҳам ба терроризм дархости расмӣ надодааст

Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар бораи ду тоҷики муртабит бо ҳамлаи террористии соли 2017 дар Стокҳолми Шветсия, аз ин кишвар дархосте дарёфт накардааст.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки дар мавриди мушорикати ду шаҳрванди ин кишвар бо номҳои Қорӣ Усмон ва АбуАйюби Кӯлобӣ дар ҳамалоти террористии соли 2017 дар Стокҳолм, ки Раҳмат Оқилов муҷрии он буд, ҳеҷ дархости расмӣ аз мақомоти қазоии Шветсия дарёфт накардаанд.

Қаблан мақомоти амниятии Шветсия эълом карда буданд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ дир моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Стокҳолм 5 тан кушта ва даҳ нафар захмӣ шудаанд.

Дар пайи ин ҳодиса Раҳмат Оқилов, муҷрии ин амалиёти террористӣ дар додгоҳе дар Шветсия ба зиндони абад маҳкум шуд. Аммо Майкл Домберг, вазири дохилии Шветсия ахиран гуфтааст, ки тамоми афроди муртабит бо ин ҳамла, аз ҷумла ду табааи Тоҷикистон бояд барои посухгӯӣ ва муҳокима ба Стокҳолм бозгардонда шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кардаанд, ки ин ду табааи кишварашон дар зиндоне дар Сурия нигаҳдорӣ мешаванд ва талош барои истирдоди онон ба Душанбе идома дорад.

Мақомоти амниятии Шветсия муддаиянд, ки дар телефони ҳамроҳи Раҳмат Оқилов ба матолибе даст ёфтаанд, ки нишон медиҳад, дастури сохти бомбаро Қорӣ Усмон барои вай ирсол кардааст.

Ҳамчунин Абуайюби Кӯлобӣ борҳо дар тамос бо Қорӣ Усмон, вайро барои иҷрои ин амалиёти террористӣ ташвиқ кардааст.