Сентябр 29, 2016 11:29 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамалоти гурӯҳҳои донишҷӯӣ ба хонаҳои аъзои ҲНИТ

Раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамалоти гурӯҳҳои донишҷӯёни вобаста ба ҳукумат ба хонаҳои аъзои ин ҳизбро маҳкум кард.

Ба гузориши сойти ТоҷИнфо, Муҳиддин Кабирӣ тайи суханоне, ки аз тириқи  "Скайп", дар маҳалли баргузорӣ дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава, пойтахти Полша пахш шуд, ҳамалоти созмондода шудаи гурӯҳҳои донишҷӯён ба хонаҳои масъулин ва фаъолони ин ҳизбро "дасисаи маҳофили ҷиноӣ бо ҳимояти нерӯҳои амниятӣ" унвон кард.

Вай таъкид кардааст, ки тайи се рӯзи ахир, ин гурӯҳҳо манозили маскунии марҳум Саид Абдулоҳи Нурӣ, мусиси ҳизб, хонаҳои падари раиси феълии он, Саидумар Ҳусайнӣ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб,аъзои аршади зиндонии ин гурӯҳ, Бобоҷони Қаюмзод ва Илҳомҷон Яъқуб аз фаъолони ин гурӯҳи исломиро мавриди ҳамла бо санг ва тухми мӯрғ қарор додаанд. Ҳамчунин ин муҳоҷимин иқдом ба оташ задани аксҳои аъзои аршади ин ҳизб дар Душанбе кардаанд.

Ба гуфтаи Кабирӣ ин гурӯҳҳо бо ҳамла ба манзили масукунии хонум Шабнам Худойдодова аз аъзои "Гурӯҳи 24", ки дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава, пойтахт Полша ҳузур дорад, ба фарзанди ноболиғи вай осеб расондаанд. Ин иқдомот аз дидгоҳи мақомоти ҳукумати Тоҷикистон посух ба суханрониҳо ва ҳузури намояндагони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсии давлати Душанбе дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава мебошад.

Кабирӣ таъкид кардааст, ки бо вуҷуди ин иқдомоти таҳрикомез аз тарафи ҳукумат, гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ба муборизоти сиёсии мусоламатомези хеш барои барқароррии адолат ва расидан ба ҳуқуқашон идома хоҳанд дод ва ҳар навъ хушунат дар ин роҳро маҳкум мекунанд.