Феврал 03, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Вазири маорифи Тоҷикистон: ба хатти форсӣ бознамегардем

Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон дар нахустин нишасти матбуотиаш таъкид кард, ки ҳеҷ зарурате дар ин кишвар барои бозгашт ба хатти форсӣ вуҷуд надорад.

Ба нақл аз Спутник, Муҳаммадюсуф Имомзода, ки чанде  пеш ба симати вазири маориф ва илми Тоҷикистон мансуб шуд, дар нахустин нишасти матбуотии масъулони ин вазоратхона дар шаҳри Душанбе гуфт, барномае барои тағйири хатти расмӣ аз алифбои кирилӣ ба форсӣ, ки то соли 1929 дар қаламрави Тоҷикистон истифода мешуд дар дастури кор нест.

Вай таъкид кардааст, ки дар мактабҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳар ҳафта соатҳои мушаххасе ба омӯзиши хатти форсӣ ихтисос дода шудааст ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехоҳад бо миросим ниёгони худ, ки ба хатти форсӣ таълиф шудааст ошно шавад, метавонад дар ин давраҳо хонда ва навиштанро ёд бигирад.

Хатти расмии мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафғоз то соли 1929 форсӣ буд ва ҳукумати вақти шуравӣ нахуст алифбои лотин ва дар соли 1940 хатти кирилиро ҷойгузини он кард.

Барчасп