Феврал 03, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
  • Доҳа мизбони иҷлоси Комиссияи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистон ва Қатар

Муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва муовини аввали вазири тиҷорат ва саноати Қатар бо якдигар дар Доҳа дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Форс, Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Султон ибни Рошид ал-Хотир, муовини вазири тиҷорат ва саноати Қатар дар Доҳа мулоқот карданд.

Дар ин дидор масоили марбут ба муқаддамоти ҷаласаи ояндаи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фаннии ду кишвар, ки қарор аст, имсол дар Доҳа баргузор шавад,баррасӣ шуд.

Нозирӣ дар сафари худ ба Доҳа ҳамчунин бо Акбар Ал Боқир, дабири кулли Шӯрои миллии Қатар дар умури гардишгарӣ ва мудири иҷроии гурӯҳи ширкатҳои « Qatar Airways» мулоқот кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба эҷод ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ ва иртибототи ҳавоӣ баррасӣ шуд.