Бордюжа ва Қаҳҳоров авзои Афғонистонро баррасӣ карданд
Дар дидори дабири кулли Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) ва дабир Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар Душанбе, мавзӯи таҳдидоти ношӣ аз авзои амниятии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкории Душанбе бо ин созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гузориши сойти Азия плюс, Николай Бордюжа, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе шудааст, дар бораи масоили амниятии минтақа ва ҳамкориҳои дуҷониба бо Абдураҳим Қаҳҳоров, баҳсу табодули назар кард.
Дар ин дидор, ҳамчунин мавзӯи омодагӣ барои иҷлоси муштараки вазирони умури хирҷа, дифо ва дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД, ки дар рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ дар Ереван, пойтахти Арманистон баргузор мешавад, баррасӣ шуд.
Қарор аст, имрӯз (29 сентябр) Бордюжа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва генерал Шералӣ Мирзо- Вазири дифои Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кунад.
Вай дар дидор бо мақомоти давлати Душанбе дар бораи ҳамоҳангӣ ба манзури мушорикати воҳидҳои низомии артиши Тоҷикистон дар таркиби нерӯҳои вокуниши сареъи Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ дар размояши мавсум ба "Марз 2016", ки тайи рӯзҳои 4 то 7 октябри соли ҷорӣ дар пойгоҳи омӯзишии " Эйдел Вейс"дар Қирғизистон баргузор мешавад, гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар ҳоли ҳозир Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД ҳастанд.